
Дар бораи лоиҳа
Бо истифода аз моделҳои кишоварзӣ, агрокалкуляторҳо миқдори тухмӣ/кӯчат, нуриҳо ва обро барои парвариши зироати интихобшуда дар майдони андозааш додашуда ҳисоб мекунанд.
Тавсиф
Бо истифода аз моделҳои кишоварзӣ, агрокалкуляторҳо миқдори тухмӣ/кӯчат, нуриҳо ва обро барои парвариши зироати интихобшуда дар майдони андозааш додашуда ҳисоб мекунанд. Айни замон, агрокалкуляторҳо миқдори маҳдуди зироатҳоро, аз қабили бодиринг, помидор, карам, сабзӣ, боимҷон ва шалғамчаро фаро гирифтаанд.
Тавсифи технология
Агрокалкуляторҳо дар намуди веб-платформа таҳия шудаанд ва моделҳои кишоварзиро барои ҳисоб кардани миқдори тухмиҳо/кӯчатҳо, нуриҳо ва оби обёрӣ барои ҳар як зироат истифода мебарад. Агрокалкуляторҳоро бо забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ истифода бурдан мумкин аст. Инчунин, агрокалкуляторҳо дар замимаҳои мобилӣ барои агробизнес «Аз А то Я» пайваст карда шудаанд.
Тавсифи бизнес модел
Агрокалкуляторҳо - манбаи кушодаасос мебошад ва ҳар кас метавонад онро ройгон истифода барад. Ҳарчанд, дар веб-платформа ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $5 дар як моҳ ё $25 дар як сол аст.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо
Агрокалкуляторҳо миқдори маҳдуди зироатҳоро фаро гирифтаанд. Ғайр аз ин, барои ҳар кадоми ин зироатхо моделҳои илмии обёрӣ ва нуридиҳиро дар ҳамкорӣ тадқиқотчиёни пуртаҷриба кор карда баромадан лозим аст.
Таъсирот
Бо ёрӣ додан ба деҳқонон дар ҳисобкунии миқдори лозимаи тухмӣ, нурӣ ва оби обёрӣ, агрокалкуляторҳо истифодаи зиёдатӣ ва исрофкориро пешгирӣ карда метавонанд. Ин ба деҳқонон кӯмак мекунад, ки хароҷоти истеҳсолотро ба таври назаррас кам кунанду фоидаро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон таъсири истеҳсолоти кишоварзиро ба муҳити зист паст намоянд. Ҳар сол зиёда аз 3 000 нафар агрокалкуляторҳоро истифода мебаранд.


