
Дар бораи лоиҳа
Дар китобхонаи электронии кишоварзӣ маводҳои таълимӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ғайра ҷамъ карда шудаанд. Айни замон, дар китобхона зиёда аз 600 маводҳои электронии марбут ба рушди кишоварзию деҳот ва иқтисоди Осиёи Марказӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар китобхонаи электронӣ имконияти иловакунии маводҳои ройгон/пулакӣ, ҷустуҷӯ ва зеркашии маводҳо фароҳам оварда шудааст.
Тавсиф
Дар китобхонаи электронии кишоварзӣ маводҳои таълимӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ғайра ҷамъ карда шудаанд. Айни замон, дар китобхона зиёда аз 600 маводҳои электронии марбут ба рушди кишоварзию деҳот ва иқтисоди Осиёи Марказӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар китобхонаи электронӣ имконияти иловакунии маводҳои ройгон/пулакӣ, ҷустуҷӯ ва зеркашии маводҳо фароҳам оварда шудааст.
Тавсифи технология
Китобхонаи электронии кишоварзӣ манбаи кушодаасос мебошад. Ҳар як шахс метавонад ба он тавассути компютерҳо, планшетҳо ва смартфонҳо дастрасӣ пайдо кунад. Веб-платформа функсияҳои зеринро дорад: - Иловакунии маводҳои ройгон/пулакӣ пас аз бақайдгирии оддӣ - Ҷустуҷӯи маводҳо аз рӯи калимаҳои калидӣ ва категорияҳо - Зеркашӣ кардани маводҳои ройгон/пулакӣ - Онлайн пардохт барои маводҳои пулакӣ тавассути корти бонкии миллии Korti Milli, VISA ва ҳамёнҳои электронӣ. Платформа ба шлюзҳои пардохтии муассисаҳои молиявӣ тавассути пайвасти API барои анҷом додани онлайн пардохтҳои пайваст мешавад.
Истифодабарандагон
Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Академия ва муассисахои илмӣ; Бахши давлатӣ
Тавсифи бизнес модел
Веб-платформа манбаи кушодааст аст ва қисми зиёди маводҳо ройгон мебошанд. Арзишҳои маводҳои пулакӣ аз ҷониби истифодабарандагоне, ки маводҳоро ба китобхонаи электронӣ илова менамоянд, муқаррар карда мешаванд. Китобхонаи электронӣ барои ҳар як зеркашии маводи пулакӣ 5% комиссия мегирад. Инчунин, дар веб-платформа ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $10 дар як моҳ ё $50 дар як сол аст.
Таъсирот
Маводҳое, ки ба китобхонаи электронӣ илова карда мешаванд (масалан, оид ба бехатарии озуқаворӣ, технологияҳо, таҷрибаҳои беҳтарини кишоварзӣ ва таҳлили бозорҳо) метавонанд ба беҳтаршавии таҷрибаи кишоварзӣ, рушди устувори тиҷорат ва ғ. мусоидат намоянд. Маводҳои аз ҷониби лоиҳаҳо таҳияшуда метавонанд пас аз анҷоми онҳо дар китобхонаи электронӣ боқӣ монанд ва мунтазам бо таҷрибаҳо ва маълумоти нави муосир актуалӣ карда шаванд. Маводҳо аз тарафи истифодабарандагон зиёда аз 360 000 маротиба зеркашӣ шудаанд.


