
Дар бораи лоиҳа
Мақсади асосии таҳия ва татбиқи низоми иттилоотии нархҳо ин татбиқи амалии имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва усулҳои иқтисодию математикӣ барои пурра ва босифат қонеъ кардани ниёзҳои гурӯҳҳои мақсаднок ба иттилооти оморӣ дар бораи нархҳои бозор бо хароҷоти минималӣ мебошад. Низом ба Агентии омор кӯмак мекунад, ки нархҳои бозорро бо истифодаи замимаи мобилӣ самаранок ва зуд ҷамъ оварад, нархҳои бозорро таҳлил ва пайгирӣ кунад ва онҳоро байни муштариёни потенсиалӣ тавассути SMS ва API каналҳо паҳн кунад.
Тавсиф
Агентии омор дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо дастгирии техникӣ ва молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» раванди ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн намудани нархҳои маҳсулоти кишоварзиро навсозӣ кард. Раванди ҷамъоварии нархҳои ҳафтаина аз 22 шаҳру навоҳии кишвар автоматӣ шуда, тавассути механизми SMS-паёмҳо паҳнкунии маълумот ба роҳ монда шудааст.
Тавсифи технология
Низоми электронии омори нархҳо аз веб-платформаи мониторинг ва идоракунии додаҳо, коркард ва ҳисоботдиҳӣ, замимаи мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот; ва модул барои паҳн кардани маълумоти нархҳо тавассути SMS-паёмҳо ва API канал иборат аст.
Истифодабарандагон
Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши давлатӣ; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Академия ва муассисахои илмӣ; Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ)
Тавсифи истифодабарандагон
Истифодабарандагон барои гирифтани маълумоти нархҳо тавассути SMS деҳқонҳо ва дигар корхонаҳо мебошанд. Қарор қабулкунандагони сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ метавонанд маълумоти нархиро барои қабули қарорҳои асоснок истифода баранд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ) метавонанд ба веб-платформа обуна шаванд ва дастрасӣ пайдо кунанд, то иттилоотро ба гурӯҳҳои мақсадноки худ тавассути SMS паҳн кунанд.
Таъсирот
Низоми электронии нархҳо метавонад ба инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Агентии омор ва як қатор шабакаҳои хусусии хизматрасонӣ ҷиҳати расонидани иттилооти бозорӣ ба деҳқонон ва агробизнес тавассути SMS мусоидат намояд.


