Дар бораи лоиҳа
Agri-Video - ин канали видеоии YouTube бо наворҳои таълимӣ ва иттилоотӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Наворҳо мавзӯъҳои марбут ба парвариши зироат, ҳифзи растаниҳо аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаро дар бар мегиранд.
Тавсиф

Тавсифи технология
Видео-маводҳои кишоварзӣ тавассути хихмати видеохостинги YouTube дастрасанд. Ҳамин тариқ, ҳар як шахс метавонад видео-маводҳоро тавассути компютер, планшет ва смартфонҳо тамошо кунад. Видео-маводҳо бо забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ таҳия шудаанд.
Таъсирот
Видео-маводҳо (масалан, оид ба бехатарии озуқаворӣ, технология, қоидаҳо, таҷрибаҳои беҳтарини кишоварзӣ ва таҳлили бозорҳо) метавонанд ба беҳтаршавии таҷрибаҳои кишоварзӣ, рушди устувори тиҷорат ва ғ. мусоидат намоянд. Видео-маводҳои аз ҷониби лоиҳаҳо таҳияшуда метавонанд пас аз анҷоми онҳо дар китобхонаи электронӣ боқӣ монанд. Видео-маводҳо аз тарафи истифодабарандгон беш аз 600 000 маротиба тамошо карда шуданд ва канал беш аз 7 000 обунашудагон дорад.